Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд

Август 14, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин хусус 13 август директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Баҳрулло Файзализода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои директори филиал, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Ташаббусҳои давлатӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Эмомалӣ Раҳмон» ва «Маркази рушди зеҳни сунъӣ, таҳлили додаҳо ва технологияҳои рақамӣ» (дар доираи лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки байналмилалии Тоҷикистон») ба фаъолият оғоз менамоянд. Ин марказҳо ба рушди таҳқиқоти илмӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат хоҳанд кард.

Ҳамзамон иброз гардид, ки фаъолияти филиал ба татбиқи вазифаҳои афзалиятнок, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таҳсил, рушди барномаҳои таълимӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ, тақвияти фаъолияти нашриявии олимону омӯзгорон, рақамикунонии раванди таълим, такмили инфрасохтори илмӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо корфармоён, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни болаёқат равона мегардад.

Ин тадбирҳо барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи филиал ҳамчун яке аз муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам меоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 14, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад