Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд

Август 4, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб байни муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва шаҳрвандони сафаркунанда корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, зимни вохӯриҳо бо шаҳрвандони ба Ватан бозгашта доир ба масъалаҳои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо дар дохили мамлакат, ҷалб ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ пеш аз сафар суҳбат анҷом дода шуд.

Ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Федератсияи Русия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории ин давлат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиби бақайдгирӣ, гирифтани патент, риояи муҳлати будубош, бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Таъкид шуд, ки ҳар муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар бояд аз қонунгузории кишвари қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ пурра огоҳ бошад. Ҳангоми сафар зарур аст, ки шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои тиббӣ, маълумотнома оид ба надоштани бемориҳои сироятӣ, маълумотнома оид ба набудани доғи судӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбро бо худ дошта бошанд.

Тавсия дода шуд, ки пеш аз харидани чиптаи сафар шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии Муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар махзани шахсони манъи вуруддошта санҷида, танҳо баъд аз он азми сафар намоянд. Зеро назорат дар сарҳадҳои Федератсияи Русия пурзӯр карда шудааст.

Ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия шаҳрвандони хориҷӣ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд дар муҳлати ду моҳ ба мақомоти дахлдори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо маълумот пешниҳод намоянд.

Ин маълумотро метавон тавассути хизматрасонии давлатии «Почта Россия», портали ягонаи давлатии «Госуслуги» ё бо ҳозир шудан ба Муассисаи давлатии федералии буҷетии «Маркази хизматрасонии шиносномаву виза»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар маҳалли фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла барои шаҳри Москва ва вилояти он дар маркази «Сахарово» пешниҳод намуд.

Ҳамчунин зимни суҳбатҳо ба масъалаҳои пешгирии дохилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, муқовимат ба савдои одамон ва риояи қонунгузории давлати иқомат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар ҳолати риоя накардани талаботи қонунгузории Федератсияи Русия шаҳрванди хориҷӣ метавонад вазъи ҳуқуқияшро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти меҳнатии ӯ ба таври худкор бекор гарданд ва номаш ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда шавад.

Дар анҷоми вохӯриҳо ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва тавсияномаҳои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.

Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки барои гирифтани машварат ва маълумоти зарурӣ метавонанд ба телефони боварии фаврии хадамот — 900-80-08-00 занг зананд.

АКС: Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 4, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд