Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид

Август 4, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандон дар самти истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ машварати омӯзишӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иҷро хабар медиҳад, дар машварат масъалаҳои истифодаи дурусти портали хизматрасониҳои давлатӣ, портали ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, талаботи асосии амнияти киберӣ ва молиявӣ, тартиби ҳифзи маълумот, инчунин дигар масъалаҳои муҳим оид ба рақамикунонии фаъолияти мақомоти давлатӣ баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки татбиқи босамари технологияҳои рақамӣ, истифодаи дурусти системаҳои электронии давлатӣ ва риояи меъёрҳои амнияти иттилоотӣ аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, шаффофият ва беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳо ба шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон иштирокчиён оид ба масъалаҳои амалии истифодаи системаҳои электронӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 4, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ