Дар Хатлон ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 17,1 миллиард сомонӣ расонида шуд

Август 11, 2026 10:06

ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи соли 2026 ба 17,1 миллиард сомонӣ расида, рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106 фоиз таъмин гардид. Ҳиссаи вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии мамлакат 59 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иттилоъ дод.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар вилоят дар 330 ҳазору 948 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд, ки нисбат ба дурнамо 19 ҳазору 204 гектар зиёд мебошад.

Кишти чигит 117 ҳазору 436 гектарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 9311 гектар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин дар 31 ҳазору 293 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Инчунин дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят 423,4 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 176 ҳазор тонна картошка, беш аз 1 миллиону 14,4 ҳазор тонна сабзавот, 544,6 ҳазор тонна полезӣ, 144,3 ҳазор тонна мева, 55,4 ҳазор тонна гӯшт ва 170,5 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра 71,3 миллион дона тухм, 3742 тонна пашм, 191,1 тонна пилла, 315 тонна асал ва 1079 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Август 11, 2026 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид