Дар Хатлон беш аз 900 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон 1403 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 942 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус 10 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иттилоъ дод.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 шумораи омӯзгорон 50 ҳазору 445 нафарро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ теъдоди онҳо 2182 нафар афзоиш ёфтааст.
Дар муассисаҳои томактабии вилоят ва марказҳои рушди кӯдак 138 ҳазору 232 нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2025 24,7 фоиз буд.
Хонандагони вилояти Хатлон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Дар соли таҳсили 2025–2026 14 ҳазору 251 хонанда ба тариқи фосилавӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 3640 медал шуданд. Аз ин шумора 829 медал тилло, 1196 медал нуқра ва 1615 медал биринҷӣ мебошанд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ низ беш аз 2000 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят иштирок намуда, 1167 нафар соҳиби медалҳои ифтихорӣ шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






