Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид

Август 29, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Тибқи иттилои манбаъ, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, дар хоҷагӣ коркарди ангур ва омода намудани мавиз ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз дар ин коргоҳ 60 нафар занону духтарон ба корҳои мавсимӣ ҷалб гардида, бо ҷойи кори муваққатӣ ва хӯроки гарм таъмин шудаанд.

Ҳоло дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» майдони умумии токзори ҳосилдиҳанда наздики 500 гектар буда, ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маҳсулот ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар ҷараён дорад.

Дар ин хоҷагӣ 10 навъи ангур, аз ҷумла ҳусайнии сафед, сиёҳ, шоҳона, президент ва ғайра парвариш меёбад.Шумораи саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» зиёда аз 1100 кас буда, дар давраи ҷамъоварии ҳосил то 4 ҳазор сокин ба кори мавсимӣ даъват мешаванд.

Ҳоло дар доираи татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» барқарорсозии 50 гектар боғи куҳнаи ангури хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ҷараён дорад. Бо ин мақсад ҷиҳати васеъ кардани имкониятҳои содиротӣ асосан ангури навъҳои шоҳона, президент, аватар ва кардинал шинонида мешавад, ки дар бозорҳои байналмилалӣ талабгорони зиёд доранд.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо дастгирию таваҷҷуҳ ва роҳнамоиҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар майдони 2 ҳазору 730 гектар токзори нав бунёд гардидааст, ки дар онҳо асосан навъҳои содиротӣ парвариш меёбанд. Имсол токпарварони шаҳр аз майдони 3 ҳазору 970 гектар ҳосили ангур ҷамъоварӣ мекунанд.

Аз ин майдонҳои васеъ бо истифода аз фаровонии ҳосил дар сардхонаи хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» то давраи сардиҳо 3 ҳазор тонна маҳсулот барои дар фаслҳои зимистону баҳори солҳои 2026-2027 ба бозори истеъмолӣ пешниҳод кардан, захира мешавад.

Таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, бахусус ҷалби занону духтарон ба корҳои мавсимӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ мебошад.

Масъулини хоҷагӣ ният доранд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли мавизро зиёд намуда, барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ саҳми бештар гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Август 29, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд