Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд

Август 12, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки занони хизматчии давлатӣ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, озмун аз рӯи се шарт баргузор гардид. Дар он 25 довталаб иштирок намуда, аз байни онҳо 3 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт.

Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа ва таъмини иштироки онҳо дар идоракунии давлатӣ тибқи нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030» гузаронида мешавад.

Озмун ҳамасола байни занону духтароне, ки дар соҳаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ фаъолият менамоянд, гузаронида мешавад. Он ба ҳавасмандгардонии занони хизматчии давлатӣ барои таъмини фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, тақвияти дониш, малака ва касбияти онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мусоидат менамояд.

Даврҳои озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар айни замон дар вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардида истодаанд. Даври ниҳоии озмун бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Август 12, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид