Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор шуд, ки дар он татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба кумита.
Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаромарз Раҳмонзода оид ба мазмун ва моҳияти стратегия ва нақшаи амали он, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматии кормандон ибрози назар намуд.
Гуфта шуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти манфии ҷомеа ба шумор рафта, метавонад ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, мубориза бо он бояд ҳаматарафа ва бо истифода аз механизмҳои муассири ҳуқуқӣ ташкил карда шавад.
Кормандони кумита бояд дар фаъолияти хизматӣ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ роҳ надиҳанд, дар пешгирии онҳо ва таҳкими волоияти қонун саҳми арзанда гузоранд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






