Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 02.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026» дар минтақаи Кӯлоб 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардида, дар 17 гектар плантатсияҳои нав ташкил ва дар 310 гектар ҷангалҳои кӯҳна барқарор карда шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб иттилоъ дода шуд.
Соли 2026 дар мавсими ниҳолшинонӣ 237 ҳазору 397 бех ниҳол шинонида шуда, 452 килограмм тухмии дарахтон кишт гардид. Дар айни замон дар ниҳолхонаҳои хоҷагиҳои ҷангал ва Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварии Восеъ зиёда аз 609 ҳазор бех ниҳол парвариш меёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи «Барномаи парвариши павлония барои солҳои 2024–2028» дар 6 гектар павлония бунёд гардида, 2,2 гектар барқарор ва дар 15,5 гектар плантатсия ташкил карда шуд. Дар ин давра 21 ҳазору 853 бех ниҳоли павлония шинонида шуда, дар ниҳолхонаҳо беш аз 60 ҳазор қаламча ва кӯчат парвариш карда мешавад.
Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар канори роҳҳо, талу теппаҳо ва назди корхонаҳо 49 ҳазору 493 бех ниҳолу гул, аз ҷумла 14 ҳазору 212 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






