Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Миср ду китоб ба забони арабӣ ба нашр расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Миср хабар доданд.
Китоби якум «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» ном дошта, муаллифони он донишмандони мисрӣ Рифъат Ҳусейн ва Вало Одил мебошанд. Ин китоб оид ба гузаштаву имрӯзи пурифтихори тоҷиконро маълумот дода, хусусиятҳои давлатдорӣ ва расму ойини бостониву имрӯзаи моро барои хонандагон муаррифӣ мекунад.
Китоби дуюм — «Мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон» ба қалами коршиноси мисрии таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Аҳмад Таробек тааллуқ дорад. Китоб ба муаррифии осори бостонӣ ва мероси ҷаҳонии моддӣ ва ғайримоддии тоҷикон бахшида шудааст.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Миср








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд






