Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 август бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии федералии буҷетии таҳсилоти олии «Донишгоҳи тиббии Русия»-и Вазорати тандурустии Федератсияи Русия дар мавзуи «Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб: осори илмӣ, таҷриба ва назария» конфронси байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур доираи васеи донишмандон, олимону муҳаққиқони соҳаи тиб, нависандагон, пажӯҳишгарони Русия, корпуси дипломатии муқими Москва, аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии тиббии кишвари иқомат таҳсил мекунанд, иштирок намуданд.
Дар доираи конфронс бо мақсади шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти олими мутафаккири бузург филми мустанад, хона-музей, утоқи корӣ, асбоб ва лавозимоти истифодашавандаи тиббии замони Ҳаким Абуалӣ ибни Сино ва китобҳо аз осори илмии ӯ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Зимни ифтитоҳи конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфт, ки Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳама давру замон ва олими забардасти тоҷику форс мебошад. Ӯ дар охири асри X ва аввали асри XI зиндагӣ намуда, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазо гузоштааст. Роҳбари намояндагии дипломатӣ иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба ин мероси ҷовидона бо ташаббусҳои давлатсозона ва фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мазмуни нав гирифт.
Таъкид карда шуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026 Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд. Дар шарҳи расмии ин иқдом таъкид мегардад, ки таъсиси ҷоиза ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар рушди тандурустӣ ва илми тиб дар арсаи ҷаҳон амалӣ гардид.
Сафир иброз намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар хориҷи кишвар барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихори миллӣ аҳамияти калон дошта, осори безаволи Абуалӣ ибни Сино то имрӯз ҳамчун сарчашмаи муҳими дониш мавриди омӯзиш қарор дошта, дар рушди илму маърифати башар нақши арзишманд дорад.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳор кард, ки ҳоло дар Тоҷикистон ба номи ин мутафаккири бузурги Шарқ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷику форс Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе, хиёбонҳо, майдонҳо, кӯчаҳо ва муассисаҳои сершумори таълимӣ ва илмӣ дар саросари кишвар гузошта шудаанд.
Кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Русия Афшин Парчизода иброз намуд, ки мутафаккири бузург Ибни Сино рамзи равшани тамаддунест, ки марзҳои ҷуғрофиро убур мекунад. Ибни Сино дар Бухоро дар замони давлатдории Сомониён таваллуд шудааст ва забони модарии ӯ форсӣ-тоҷикӣ буд. Ташаккули илмии ӯ, азхудкунии мероси мутафаккирони кӯҳҳои Эрон ва эҷоди асарҳои барҷастае, ки дар анъанаи аврупоӣ бо номи Авитсенна маъруф аст, бо шаҳрҳои таърихии Рой, Исфаҳон ва Ҳамадон алоқаманд мебошад. Барои Эрон ва Тоҷикистон Ибни Сино қисми муҳими ҳувияти фарҳангӣ ва ифтихори умумии ду миллат мебошад, ки бо забони умумӣ ва мероси фарҳангӣ муттаҳид шудаанд.
Дар чорабинӣ инчунин ректори Донишгоҳи тиббии Русия, доктори илмҳои тиб, профессор Олег Янушевич сухан кард.
Ҳамзамон зимни кори илмии конфронс олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дотсенти кафедраи геронтология ва гериатрия, факултети такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии тиббии Доғистон Сакинат Хархарова-Маккаева, дотсенти мактаби олии ҳуқуқшиносии факултаи ҳуқуқшиносӣ ба номи М.М.Сперанскийи Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия Талгат Миктибоев, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи психология ва педагогикаи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба Дмитрий Ермаков, раиси ҷамъияти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Русия Ян Ҷинин, номзади илмҳои тиб аз Ҳиндустон Дурре Шаҳвар ва дигарон дар мавзуъҳои мухталиф баромад намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки бузургтарин дастоварди мутафаккир он аст, ки ӯ бар хилофи алкимёгарон ё алхимикҳои замони худ аввалин шуда, усули дурусти гузаронидани таҷзияҳои кимиёвӣ ва таҳқиқотро бо истифода аз доруҳои гуногуни кимиёвӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон нишон дод.
Абуалӣ ибни Сино, ки дар кишварҳои ғарбӣ бо номи Авитсенна машҳур аст, на танҳо ҳамчун файласуфи ақлгаро, балки ба ҳайси табиби ҳозиқ, мутафаккири донандаи тамоми илмҳои иҷтимоию табиатшиносии давронаш, олими энсиклопедист ва ҳамчун нобиғаи кулли инсонияти мутамаддин ба ҳар илми машғулгардидааш навгонии зиёд ворид сохта, равиши рушду такомули ин илмҳоро барои чандин садсолаҳои минбаъда муайян намудааст.
Ҳамзамон коршиносони конфронс таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Синоро дар соҳаи тиб нишони таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармояҳои маънавии гузаштаи худ ва мероси муштараки илмӣ ва фарҳангии мардумони минтақа арзёбӣ карданд. Ба андешаи онҳо, гиромидошти шахсияти ҷаҳонии Абуалӣ ибни Сино тавассути ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ ба таҳкими муколамаи илмӣ, мубодилаи дониш ва наздикшавии бештари миллатҳо мусоидат мекунад.
Коршиносон ва муҳаққиқони соҳаи тиб изҳори итминон кардаанд, ки Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино метавонад дар оянда ба яке аз ҷоизаҳои бонуфузи илмии ҷаҳон дар соҳаи тиб табдил ёбад ва номи Тоҷикистонро ҳамчун пуштибони илм, таҳқиқот ва навоварӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби муаллифи китоб, мудири Дафтари фаврии Маркази тиббии Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия (РАНХиГС) А. С. Давлатов китоби илмии «Таърихи тибби тоҷик. То ибни Сино» бо забони русӣ муаррифӣ гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Тоҷикистон ва Кувайт таҳкими ҳамкориро дар арсаи рушд баррасӣ намуданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҷрибаи 35-солаи сулҳофарӣ ва сиёсати бисёрсамтаи Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Мудири омили Ширкати ҳавопаймоии «Jazeera Airways» мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028» ба имзо расид
Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд






