Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд

Август 14, 2026 08:49

ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Чунин иттилоъ дода шуд зимни вохӯрии намояндагони Ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Иваново бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин минтақа ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Иброз гардид, ки донишҷӯёни тоҷик дар самтҳои гуногуни муҳандисӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, омӯзгорӣ ва дигар ихтисосҳо таҳсил намуда, барои саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол омодагӣ мебинанд.

Ҳадафи вохӯрӣ аз таҳкими робита бо ҷавонони ҳамватан, баррасии шароити таҳсил ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ иборат буд.

Иброз гардид, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, онҳо бояд дар баробари азхуд намудани донишҳои муосир ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии халқи тоҷикро ҳифз намоянд. Ҳамчунин ба донишҷӯён зарурати риояи қонунгузории Федератсияи Русия, фарҳанги муошират ва истифодаи самараноки имконияти таҳсилу такмили ихтисос фаҳмонида шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба шароити зисту таҳсил, дастгирии донишҷӯён, рушди фаъолияти илмӣ ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Донишҷӯён низ доир ба масъалаҳои мавҷуда пешниҳодҳо намуда, барои дастгирии пайвастаи ҳамватанон изҳори сипос карданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 14, 2026 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш