Дар Муъминобод бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир шуд

Август 15, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолият дар раванди ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Гуфта шуд, ки истиқлолияти милливу давлатӣ барои халқи тоҷик беҳтарин неъмат ба ҳисоб рафта, мардуми мо ба ин восита соҳиби дастовардҳои шоиста гардиданд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил шинохта шуданд. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри соҳибистиқлолиамон расем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, тамоми қувва ва неруямонро барои рушди он сарф намоем.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон доир ба дастовардҳо ва пешравии ҷомеа, сулҳу осоиштагии мамлакат ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 15, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд