Дар нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул иқтидори маъдании Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Август 12, 2026 14:32

ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Сеул- пойтахти Корея нахустин Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея, Корпоратсияи Корея оид ба барқарорсозии конҳо ва истихроҷи маъданҳо (KOMIR), Институти илмҳои геологӣ ва захираҳои минералии Корея (KIGAM), Бонки содиротии Корея Кексимбонк ва бахши хусусии ду давлат иштирок намуданд.

Дар Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷи маъданҳо ва металлҳои қиматбаҳо, таъмини талабот ба маъданҳои муҳим ва устувории занҷираҳои таъминот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар форум намояндагони масъули Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ сухан намуда, имконоти Тоҷикистонро дар самти захираҳои маъдании муҳим муаррифӣ карданд.

Ҳамчунин имконияти ҳамкории муштарак дар самти рушди захираҳои зеризаминӣ ва ташкили занҷири эҷоди арзиши иловашуда ва таҷрибаи Корея дар соҳаи рушди занҷираҳои таъминот муаррифӣ шуд.

Дар қисми ниҳоии чорабинӣ вохӯриҳои корӣ дар шакли B2B байни намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, аз ҷумла ширкатҳои «Пакруд», «Талко голд», «Апрелевка», «Канзи диёр», «Анзоб», «ШКС Тоҷикистону Чин», «Дастрас 2011» ва «ТБЕА» бо ширкатҳои кореягӣ доир шуданд.

Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо имконияти ҳамкории мустақим, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоягузориро баррасӣ карданд.

Баргузории чунин форумҳо қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории иқтисодию саноатии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея мебошад. Он ба муаррифии имконияти сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки иқтидори бузурги захираҳои маъдании Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 12, 2026 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид