Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз идома дорад

Август 9, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд корҳои саҳроӣ, аз ҷумла парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ идома доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, нашъунамои пахта дар заминҳои кишоварзии ноҳия хуб буда, деҳқонон бо истифодаи дурусти қоидаҳои агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Бо назардошти нашъунамои хуби зироат интизор меравад, ки соли 2026 ҳосили дилхоҳ ба даст ояд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Абдуқаюмбобо»-и ноҳия имсол дар 10 гектар чигит кишт гардидааст. Масъулини хоҷагӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва нигоҳубини саривақтии киштзор боварӣ доранд, ки бо истеҳсоли ҳосили баланд дар ғанӣ гардонидани хирмани пахта саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамзамон дар хоҷагии деҳқонии «Шералибобо»-и ноҳия ҷамъоварии ҳосили пиёз ва ба бозор баровардани маҳсулот идома дошта, ҳамарӯза аҳли заҳмати хоҷагӣ ба ҷамъоварӣ ва фурӯши ҳосил машғул мебошанд.

Имсол дар хоҷагии «Шералибобо» дар 1,5 гектар пиёз кишт гардидааст. Ҳосилнокии пешбинишуда аз ҳар гектар 97-сентнериро ташкил медиҳад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 9, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд