Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза мегирад
ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар доданд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми шахсони саховатманду сокинони маҳаллӣ роҳи мошингарди деҳаи «Заркорон»-и Ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр ба масофаи 2 км мумфарш карда шуд. Барои таъмиру мумфаршкунии ин роҳ беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф гардид.
Сокинони деҳаи «Зафаробод»-и ҳамин ҷамоат тасмим гирифтаанд, ки роҳи дохили деҳаро ба масофаи 4 км тахту ҳамвор намуда, асфалтпӯш намоянд.
Дар роҳи маҳаллии Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ низ корҳои таъмиру навсозӣ оғоз гардида, роҳ ба масофаи 3 км яклухт мумфарш карда мешавад.
Таъмиру мумфарш шудани роҳҳои маҳаллӣ мушкилоти сокинони деҳотро ҳангоми рафтуомад ба маркази ноҳия осон мегардонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






