Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид

Август 9, 2026 08:41

ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 корхонаҳои саноатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маблағи 149 миллиону 610 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025   116 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии ин ноҳия иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар натиҷаи фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳа ба даст омадааст.

Дар ноҳия барои рушди минбаъдаи соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҷойи нави кор ва ҷалби сармоягузорӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Дар айни замон тамоми субъектҳои хоҷагидори дорои шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи андозиро ба таври электронӣ пешниҳод менамоянд.

Ба ҳолати 1 июни соли 2026 дар ноҳия 5741 андозсупоранда ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 788 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 4953 нафар соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.

Рушди соҳаи саноат яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, ба таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2026 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид