Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд сохтмони зеристгоҳи барқӣ ва неругоҳи барқии офтобӣ идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, сохтмони зеристгоҳи барқӣ тибқи нақша идома дошта, татбиқи он ба беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва иншооти иҷтимоӣ бо неруи барқ мусоидат мекунад.
Неругоҳи барқи офтобӣ дар 750 гектар бунёд гардида, барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ пешбинӣ шудааст. Лоиҳа бо истифода аз манбаи барқароршавандаи энергия амалӣ шуда, дар баробари афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ ба коҳиши партовҳои гази карбон ба атмосфера низ мусоидат менамояд.
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ яке аз самтҳои муҳими рушди энергетикаи муосир ба ҳисоб рафта, барои истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва тавсеаи манбаъҳои энергияи «сабз» замина фароҳам месозад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо дар шароити афзоиши талабот ба неруи барқ аҳамияти иқтисодӣ ва экологӣ дорад.
Таъкид гардид, ки сохтмон бояд бо риояи талаботи техникӣ ва стандартҳои муқарраргардида анҷом дода шуда, ба сифати корҳои иҷрошаванда ва истифодаи босамари имконияти мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дар ноҳияи Ашт ба таҳкими инфрасохтори соҳа, афзоиши иқтидори истеҳсолии неруи барқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд






