Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад

Август 1, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми таблиғотии «Шукуҳи Истиқлол» идома дорад.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд, ҳадаф аз баргузории ин иқдом таҳкими ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Аз ҷумла дар доираи иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ба чанде аз раисони кумитаву ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзою ҷонибдорони ҳизб, сокинон, фаъолони ҷомеа ва дигар шаҳрвандон рамзи «Истиқлол»-ро тақдим намуданд.

Иштирокчиёни иқдом таъкид карданд, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин дастоварди миллат буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи пурифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Ҳамзамон иброз гардид, ки ҳар сокини мамлакат барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан саъю талош менамояд.

Иқдоми таблиғотии «Шукуҳи Истиқлол» дар ноҳияи Фирдавсӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ идома дорад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Август 1, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд