Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имрӯз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Нур Пласт» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи корхона муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ иброз намуд, ки ифтитоҳи корхона дар доираи сиёсати созанда ва тадбирҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ва шаҳри Душанбе ба хотири рушди саноат, таъсиси ҷойи нави кор, дастгирии соҳибкорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ амалӣ гардида, қадами муҳим дар рушди иқтидори истеҳсолии пойтахт ба ҳисоб меравад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар корхонаи «Нур Пласт» 120 нафар ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта шуда, иқтидори истеҳсолии он то 130 тонна маҳсулот дар як моҳро ташкил медиҳад.
Таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва тавсеаи фаъолияти корхонаҳои мавҷуда ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими заминаҳои иқтисодии шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Ифтитоҳи корхонаи «Нур Пласт» дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи идомаи созандагию бунёдкорӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати Тоҷикистон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд






