Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, аз 1 то 31 августи соли 2026 дар ҳудуди пойтахт намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҷойҳои муайяншуда гузаронида мешаванд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар медиҳад, ки дар ноҳия чунин намоишҳо идома доранд.
Дар ин замина бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Маркази савдои Истиқлол» (Бозори «Меҳргон»), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чеварони Лола» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» намоишҳои фурӯши либоси ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш ба роҳ монда шудаанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода бо раванди ташкил ва фаъолияти нуқтаҳои фурӯш, сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, мутобиқати либосҳои мактабӣ ба андозаҳои муқарраргардида ва нархи онҳо шинос шуд.
Баргузории чунин намоишҳо барои таъмини аҳолӣ бо либос ва лавозимоти босифати мактабӣ бо нархҳои дастрас, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва танзими бозори маҳсулоти мактабӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон ба масъулони нуқтаҳои фурӯш тавсия дода шуд, ки ба сифати маҳсулот, хизматрасонии намунавӣ, риояи талаботи беҳдошт ва нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо диққати махсус зоҳир намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






