Дар ноҳияи Кӯшониён 21 Маркази рушди инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди 26 муассисаи таълимӣ сохтмони марказҳои рушди инкишофи кӯдак ба нақша гирифта шудааст. То 1 июли соли 2026 аз ин шумора 21 марказ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён иттиоъ дода шуд.
Дар айни замон сохтмони 5 маркази дигар идома дошта, то таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Ин марказҳо барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо пешбинӣ шудаанд.
Дар ноҳияи Кӯшониён 60 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки инҳо 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд. Дар ин муассисаҳо 64 ҳазору 900 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 3038 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз 95 иншооти соҳаи маорифи нақшавӣ дар ноҳия 86 иншоот ё 90,5 фоизи онҳо мавриди истифода қарор дода шудааст.
Татбиқи ин тадбирҳо ба таҳкими инфрасохтори соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсил ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои соҳаи маориф дар ноҳияи Кӯшониён мусоидат менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»






