Дар ноҳияи Мастчоҳ тадбирҳои агротехникӣ барои ҷамъоварии ҳосили зироат идома доранд

Август 20, 2026 14:10

ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Мастчоҳ дар 10 ҳазору 391 гектар пунбадона кишт карда шуд. Дар айни замон дар аксари майдонҳо нашъунамои ниҳолҳо хуб арзёбӣ гардида, корҳои нигоҳубин ва агротехникӣ идома доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар марҳилаи кунунӣ нигоҳубини босифати пахта, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, обёрии саривақтӣ ва иҷрои пурраи тадбирҳои агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон аҳамияти муҳим дорад.

Дар хоҷагии деҳқонии «Резгиф»-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон кишти такрорӣ ва нашъунамои чормағзи заминӣ идома дорад.

Истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, бахусус дар мавсими кишти такрорӣ яке аз роҳҳои муҳими зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳо ба ҳисоб меравад.

Парвариши чормағзи заминӣ ҳамчун зироати сердаромад имконият медиҳад, ки заминҳои кишоварзӣ самаранок истифода гардида, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш дода шавад.

Ҳамчунин дар ноҳияи Мастчоҳ зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангию касбии хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи хизмат ёдоварӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки таҳкими Артиши миллӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва ҳарбии хизматчиён, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми давлат самтҳои муҳими сиёсати мамлакат ба ҳисоб мераванд.

Хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавон мактаби ҷасорат, масъулиятшиносӣ, интизом ва ватандӯстӣ буда, иҷрои содиқонаи вазифаи ҳарбӣ қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар фарзанди Ватан мебошад.

Хизматчиёни ҳарбӣ барои таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва масъулияти шаҳрвандӣ хизмати худро содиқона идома медиҳанд.

Ҳамзамон ба қисми ҳарбӣ маводи ғизоӣ, аз қабили гӯшт, тухм, меваҷоту полезиҳо дастрас карда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 20, 2026 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид