Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрорӣ идома дорад

Август 17, 2026 13:43

ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, кишоварзони ноҳияи Муъминобод имсол дар 367 гектар кишти такрорӣ мегузаронанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки кишти такрорӣ ин дар як сол аз як замин ҷамъ овардани ҳосили якум (масалан, гандум ё ҷав) ва кишт намудани ҳосили дуюм мебошад.

Кишоварзони ноҳияи Муъминобод дар ин давра дар беш аз 13 ҳазор гектар ғалладона ва дигар зироат кишт намуданд. Дар айни замон хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷамъоварии картошка, пиёз ва зироати полезӣ машғул буда, бозори истеъмолиро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин менамоянд.

Тибқи таҳлилҳои олимони соҳаи кишоварзӣ, давомнокии рӯзҳои офтобӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосили тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 100-110 рӯз, дар вилояти Хатлон 140-150 рӯз ва дар шаҳри Ҳисор 120-130 рӯз мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзон барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат аз ин рӯзҳои офтобӣ бояд самаранок истифода намоянд. Инчунин тамоми тадбирҳои заруриро барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ самаранок истифода намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2026 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид