Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд

Август 30, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 30.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» дар кӯчаи Ҷаббор Расулов воқеъ гардидааст. Кӯдакистон бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шуда, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Муассиса дорои синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои хоб, толори маҷлис, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар он барои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани насли ояндаи миллат шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки теъдоди кӯдакистонҳо дар пойтахт ба 180 муассиса расида, фарогирии кӯдакон бо зинаи аввали таҳсилот аз 36 ҳазору 163 ба наздики 37 ҳазор нафар баробар шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 30, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд