Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон Маҷмааи савдою хизматрасонӣ ва истеҳсолии «Ҳафт авранг» мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, иншоот бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, таъмини сокинон бо маҳсулоти баландсифати хӯрокворӣ, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор таъмиру таҷдид ва навсозӣ гардидааст.
Маҷмааи «Ҳафт авранг» аз таҳхона ва ду ошёнаи болоӣ иборат буда, дар он якчанд самти фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба роҳ монда мешавад. Дар таҳхонаи бино коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ин коргоҳ маҳсулоти гуногуни қаннодӣ истеҳсол шуда, барои таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти хушсифату тозаи истеҳсоли ватанӣ замина фароҳам меояд.
Яке аз ҳадафҳои муҳими ба истифода додани маҷмааи мазкур фароҳам овардани ҷойи нави кор мебошад. Бо пурра фаъол гардидани иншоот беш аз 200 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамчунин дар шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон бинои таъмиру таҷдидшудаи Осорхонаи кишваршиносии ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.
Осорхона дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии Ҷамоати шаҳраки Ёвон ҷойгир буда, бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ, муаррифӣ ва тарғиби таъриху фарҳанги миллӣ, инчунин гиромидошти мероси таърихию фарҳангии ноҳияи Ёвон аз нав таҷдид гардидааст. Осорхонаи нав аз 5 толори намоишӣ ва 1 даҳлез иборат буда, дар он имкони ба роҳ мондани намоишгоҳҳои гуногуни мавзуӣ фароҳам мебошад. Толорҳои намоишӣ барои муаррифии осори таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар арзишҳои фарҳангии ноҳияи Ёвон пешбинӣ шудаанд.
Дар ин рӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон чойхонаи муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти нави хизматрасонӣ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, дорои шароити замонавӣ буда, барои қабули ҳамзамон то 200 нафар пешбинӣ гардидааст.
Таъкид гардид, ки саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ дар ободонии деҳаҳо ва бунёди иншооти иҷтимоӣ дар маҳалҳо нақши назаррас дорад. Иқдомҳои созанда, аз қабили бунёди чойхона, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба беҳтар гардидани симои маҳал ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Дар ин рӯз дар деҳаи Дарагии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли оҳаки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр индастриал» мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар раванди таҷдиду навсозии корхона ба он таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ ворид ва васлу насб карда шуда, иқтидори истеҳсолии коргоҳ ба таври назаррас афзоиш дода шудааст. Истифодаи технологияи нав имкон медиҳад, ки раванди истеҳсолот бо риояи талаботи муосир ба роҳ монда шуда, сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда беҳтар гардад.
Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ, тибқи хулосаи мутахассисон, ба стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ буда, дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ имкони содироти он ба хориҷи мамлакат низ мавҷуд мебошад. Ин омил барои рушди истеҳсолоти рақобатпазир ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ аҳамияти муҳим дорад.
Фаъолияти корхонаи «Ғаюр индастриал» дар баробари фароҳам овардани ҷойи нави кор барои рушди соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ низ аҳамияти муҳим дорад. Истеҳсоли оҳаки сохтмонӣ дар дохили мамлакат имконият медиҳад, ки талаботи соҳаи сохтмон ба ин навъи маҳсулот бештар аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин гардида, вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш дода шавад.
Ҳамчунин дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон се трансформатори нави қудратӣ дар зеристгоҳи барқии Ёвон мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар зеристгоҳи барқии Ёвон, ки дорои шиддати 220/35/10-6 кВ мебошад, се трансформатори қудратӣ насб гардидааст. Тавоноии умумии таҷҳизоти нави энергетикӣ 141 ҳазор кВА-ро ташкил медиҳад. Барои насб ва ба истифода додани ин трансформаторҳо дар маҷмуъ 19,8 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.
То татбиқи ин лоиҳа иқтидори трансформаторҳои амалкунандаи зеристгоҳ ба талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодии ноҳия пурра ҷавобгӯ набуд. Махсусан дар фаслҳои тобистон ва зимистон, ки талабот ба неруи барқ зиёд мегардад, маҳдуд будани иқтидор боиси ба миён омадани мушкилот дар таъмини аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва дигар иншооти иқтисодиву истеҳсолӣ мегардид. Бо насби трансформаторҳои нави қудратӣ иқтидори техникии зеристгоҳ аз 80 ҳазор кВА то 221 ҳазор кВА расонида шуд. Ин афзоиши назарраси иқтидор барои беҳтар намудани таъминоти барқии аҳолӣ ва тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия заминаи устувор фароҳам меорад.
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳаи Калфи Сабади Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон майдони муосири варзишӣ барои бозии футбол мавриди истифода қарор дода шуд.
Майдони нави футбол бо ташаббус ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ, махсусан ҷавонони деҳа сохта шуда, андозаи он 90 ба 60 метр мебошад. Бунёди чунин иншооти варзишӣ дар деҳот барои рушди ҳаракати варзишӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид барои машқу тамрини ҷавонон қадами муҳим ба ҳисоб меравад. Яке аз хусусияти асосии майдони варзишӣ бо сабзаи сунъӣ муҷаҳҳаз гардидани фарши он мебошад. Ин имкон медиҳад, ки футболбозон дар шароити муносиб ва дар сатҳи зарурӣ ба тамрин машғул шуда, барои баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ имконият фароҳам гардад. Дар ду паҳлуи майдони футбол барои тамошобинон нишастгоҳҳо бо ғунҷоиши умумии 1000 нафар бунёд гардидаанд. Ҳамчунин дар ҳудуди варзишгоҳ минбар ва ду утоқ барои иваз намудани либоси варзишгарон сохта шудааст. Ин шароит имконият медиҳад, ки минбаъд дар ин майдон на танҳо машқҳои ҳаррӯза, балки мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва дигар чорабиниҳои варзишӣ низ баргузор карда шаванд.
Барои бунёд ва сохтмони варзишгоҳ то имрӯз зиёда аз 2,5 миллион сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Ин маблағгузорӣ аз ҷониби соҳибкорон ва ҷавонони маҳаллӣ далели таваҷҷуҳи ҷомеа ба рушди варзиш ва фароҳам овардани шароити муносиб барои насли наврас мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон


















Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд






