Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид

Август 23, 2026 22:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи «Ирам»-и пойтахт Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Рӯзи фарҳангӣ фарогири намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангию адабии аҳли ҳунар буд.

Зимни ифтитоҳи он иброз гардид, ки шаҳри Душанбе на танҳо маркази сиёсиву маъмурии мамлакат, балки меҳвари муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва густариши робитаҳо байни минтақаҳои мамлакат мебошад. Маҳз дар пойтахт сокинону меҳмонон имконият пайдо мекунанд, ки бо анъанаҳо, фарҳанг ва дастовардҳои гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ барои таҳкими фазои ягонаи фарҳангии ҷумҳурӣ, муаррифии эҷодиёти мардумӣ ва эҳёи суннатҳои таърихии халқи тоҷик аҳамияти махсус дорад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки онро «Боми ҷаҳон» ҳам меноманд, аз ҷиҳати масоҳат вилояти калонтарини мамлакат ба ҳисоб меравад, аммо аксари масоҳаташро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Масоҳати бештари вилоятро баландкӯҳҳо ташкил медиҳанд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муқоиса бо Тибет, Ҳимолой ва ғайра аз маконҳои баландкӯҳи ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ҳама қуллаи баландтарини вилоят «Қуллаи Комунизм»- ҳозира Исмоили Сомонӣ ба шумор рафта, баландии он 7495 метрро ташкил медиҳад. Маҳз ба ҳамин хотир ин маконро «Боми ҷаҳон» ном мебаранд. Дар он 1 шаҳр, 7 ноҳия ва 43 ҷамоати деҳот ҷойгир мебошад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳои сар ба фалак ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят инчунин мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, осоишгоҳи Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон-пиряхҳои Помир ва ғайра мусоидат менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят ба мамлакат ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва экскурсионӣ машғул мешаванд. Инчунин дар ҳудуди вилоят 4 осоишгоҳ мавҷуд буда, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ 251 ададро ташкил медиҳанд.

Ба хотири он ки бештари масоҳати ин вилоятро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз ин рӯ шуғли мардум асосан дар ин минтақаи кӯҳистон чорводорӣ, кишту кор ва заминдорӣ аст. Дар заминҳо картошка, гандуму ҷав ва дигар навъи донагиҳоро корида, гову гӯсфанд ва буз мепарваранд. Ҳамчунин дар ин ҷо ҳунарҳои мардумӣ низ хеле тараққӣ кардаанд. Занон ба бофтани ҷӯробҳо, дӯхтани тоқӣ ва мардон ба кулолгарию бофтани сабадҳо машғул ҳастанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 23, 2026 22:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд