Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд

Август 7, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии коррупсия иҷрои босифат ва саривақтии бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030)» мебошад. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба амалисозии Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ барои татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030)» баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои муайян намудани омилҳои ба пайдоиши коррупсия мусоидаткунанда, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон, пешгирии омилҳои хавфзо ва дарки оқибатҳои номатлуби коррупсияро баррасӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳти назорати роҳбарияти раёсат қарор дошта, бандҳои он пайваста ва сари вақт иҷро карда мешаванд.

Дар ҳамоиш инчунин хусусиятҳои нақшаи чорабиниҳо, механизми амалигардонии он, тартиби таҳияи барномаҳои соҳавии зиддикоррупсионӣ, муайян намудани иҷрокунандагони асосӣ ва ҳамиҷрокунандагон, инчунин тартиби пешниҳоди ҳисоботи таҳлилӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи нақшаҳои дохилиидоравӣ ном, вазифа ва муҳлати иҷрои ҳар масъул бояд мушаххас нишон дода шавад, то масъулияти шахсӣ дар иҷрои вазифаҳо тақвият ёбад. Ҳамчунин ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маводи иҷрошуда вобаста ба Стратегия тибқи тартиби хронологӣ аз талаботи муҳими ҳуҷҷатгузорӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҳамоиш меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» тавзеҳ дода шуданд. Иброз гардид, ки тибқи банди 20 моддаи 25-и қонуни мазкур иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд маҳсуб шуда, мутобиқи моддаи 663¹ Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад.

Мақомоти гумрук ҳамчун яке аз мақомоти муборизабаранда бар зидди коррупсия минбаъд низ барои пешгирӣ ва коҳиши зуҳуроти коррупсионӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар таҳкими қонуният ва шаффофияти фаъолияти давлатӣ саҳм мегузорад.

Баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ, тақвияти масъулияти хизматӣ ва татбиқи босамари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад