Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳашари экологии «Тозагии маҳал», ки дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гузаронида шуд, беш аз 2,6 метри мураббаъ партов ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳашари экологии «Тозагии маҳал» дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист ва тозагии шаҳраку маҳаллаҳо гузаронида шуд. Дар ҷараёни ҳашар кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои фаъоли Клуби волонтёрони экологии назди Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, раёсати ҷавонон, тандурустӣ ва аҳли ҷамоат иштирок намуда, ҳудуди маҳалларо аз партовҳои сахти маишӣ ва пластикӣ тоза намуданд.
Барои сазовор таҷлил намудани ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо дастури Раиси шаҳри Душанбе ҳар ҳафта дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт чунин тадбирҳои экологӣ гузаронида мешаванд, ки ба таъмини беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ равона гардидаанд.
Дар шаҳри Душанбе раванди корҳои ободонию созандагӣ ва солимгардонии муҳит зист ҷараёни тоза гирифта, шаҳрвандон бо ифтихор аз сокини пойтахт будан дар ободонию зебоии шаҳр ҳисса мегузоранд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






