Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид

Август 13, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ  оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар намоиш либос ва лавозимоти мактабӣ маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Дар намоиш намудҳои гуногуни либоси ягонаи мактабӣ, пойафзол, ҷузвдон, ашёи хониш ва дигар лавозимоти зарурӣ пешниҳоди сокинон гардида, маҳсулот бо нархҳои дастрас, аз ҷумла бо нархи аз 10 то 20 фоиз арзонтар пешниҳод гардидааст.

Рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз масъалаҳои афзалиятнок буда, фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсил ва таълиму тарбияи насли наврас вазифаи муҳимми ҷомеа мебошад. Чунин иқдом дар арафаи соли нави таҳсил барои таъмини хонандагон бо либосу лавозимоти зарурӣ ва дастгирии волидайн аҳамияти муҳим дорад.

Ҳадаф аз баргузории намоиш–фурӯши либосҳо таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва фароҳам овардани имконияти хариди он бо нархҳои дастрас мебошад.

Намоиш–фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш  идома ёфта, сокинон метавонанд маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дигар молҳои зарурии мактабиро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 13, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид