Дар шаҳри Ҳисор маҷмааи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд

Август 11, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор маҷмааи муосири варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи ин иншооти муҳими варзишӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ ва варзишӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат мекунад».

Маҷмааи варзишӣ бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавигардонии варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини варзишгарон бунёд гардида, аз майдончаҳои кушода ва пӯшидаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва ҳаммомҳои замонавӣ иборат мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 11, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд