Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд
ШАҲРИНАВ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии ноҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав бо иштироки олимони соҳаи ниҳолпарварӣ дар мавзуи «Тарзи гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо барои ниҳолони интенсивӣ» машғулияти илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки пайванд яке аз муҳимтарин усулҳои афзоиши дарахтон, аз ҷумла дарахтони интенсивӣ мебошад. То ҳол зиёда аз 150 навъи гуногуни пайванд истифода шудааст, ки маълумтарини онҳо муғҷапайванд, пайванд бо қаламча ва ҷуфтпайванд мебошанд. Муғҷапайванд, пӯстпайванд ё баргпайванд яке аз усулҳои маъмули пайванд буда, дар ниҳолхонаҳо acocaн барои зиёд кардани кӯчати дарахтони мевадор ва баъзе растаниҳои ороишӣ истифода мешаванд.
Дар машғулият олимони соҳаи боғпарварӣ тавсия доданд, ки пайванд барои нигоҳ доштани хусусияти навъии растаниҳои бисёрсола, ҷавон намудани дарахте, ки ба шароити обу ҳавои маҳал мувофиқ аст ё ба ҳосил овардани меваи хушсифат аз ниҳоли пешина аҳамияти калон дорад. Инчунин пайванд намудан барои қувват додани сабзиш ё суст кардани он, тезонидани гулу меваи ниҳол ва ғайра мусоид мебошад. Пайванд намудани дарахтон дар ҳар минтақаи Тоҷикистон асосан вобаста ба шароити обу ҳаво гузаронида мешавад.
Боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ назар ба боғи анъанавӣ серҳосилу фоидаовар аст. Зеро аз як бех ниҳоли дар боғи интенсивӣ парваришёфта то 5-6 кило ҳосил гирифтан ва дар як гектар боғи интенсивӣ аз 500 то 3 ҳазор ниҳол шинонидан мумкин аст. Боғи интенсивӣ талаботи худро дорад, яъне бояд хоки боғи бунёдшаванда серғизою ҳосилхез бошад, чунки тагпайванди дарахтон вегетативию решаҳояшон патакреша буда, на он қадар чуқур ҷойгир аст.
Аз ин рӯ зиёд намудани тагпайвандҳо барои дарахтони интенсивӣ ва зиёд намудани боғҳои интенсивӣ дар ҷумҳурӣ ба манфиати боғпарварон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






