Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд

Август 12, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 ба вилояти Хатлон 930 ҳазору 961 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид гардидаанд. Дар ин хусус 10 август зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.

Дар вилоят барои қабули сайёҳон 134 меҳмонхона, 158 мавзеи сайёҳӣ, 270 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 143 тарабхона, 18 ширкати сайёҳӣ, 49 ҳомстей ва гестхаус, 80 мағозаи фурӯши армуғонҳо ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият менамоянд.

Вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ-сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа гардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд.

Тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нигоҳи самтҳои афзалиятноки соҳа диққатҷалбкунанда ва дорои имконияти рушд мебошанд. Махсусан, мавзеъҳои Тахти Сангин, Чилучорчашма, Чилдухтарон, мақбараи Имом Зайналобиддин, олим ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб менамоянд.

Ҳамин аст, ки ёдгории таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳулбук, Аҷинатеппа, Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба феҳрасти Мероси умумибашарии ЮНЕСКО дохил гардидаанд.

Вилояти Хатлон макони фарҳангу ҳунар буда, дар байни мардуми ин минтақа ҳунарҳои чакандӯзию гулдӯзӣ, чӯбтарошию заргарӣ рушд намудаанд. Маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти Хатлонзамин чандин намоишгоҳу фестивалҳои сатҳи ҷаҳониро бо ҷилои фарҳанги пурғановат оро додааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 12, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид