Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соли 2025 ба 14,7 миллион доллар расида, нисбат ба соли 2024 ба андозаи 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ин нишондиҳанда 10,2 миллион долларро ташкил дод. Чунин иброз гардид, 27 август дар шаҳри Гулистон зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиб Алакбаров.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, вохӯрӣ дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё» баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷалби сармояи Озарбойҷон ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкории саноатӣ, рақамикунонӣ ва рушди робитаҳои нақлиётию логистикиро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо барои татбиқи амалии созишҳои бадастомада, пешбурди лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва тақвияти робитаҳои соҳибкорони ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 27 август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё» Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир гардид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






