Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» бо иштироки донишмандону муҳаққиқони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Покистон ҳамоиши байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд.
Дар оғози ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ изҳор кард, ки 1050-солагии Робиаи Балхӣ – нахустин шоири зан дар таърихи адабиёти тоҷику форс бо ибтикори Тоҷикистон ва бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба феҳристи ҷашнҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид гардид. Давоми соли равон дар Тоҷикистон ба хотири бузургдошти Робиаи Балхӣ ҳамоишҳои зиёди илмиву фарҳангӣ баргузор ва китобу рисолаҳо доир ба рӯзгору осори ӯ ба нашр расиданд.
Сафири Тоҷикистон бузургдошти 1050 – солагии Робиаи Балхиро иқдоми навбатӣ барои амалӣ кардани барномаи бузурги эҳёи миллӣ дар заминаи таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии таърихии тоҷикон номид. Сафир таъкид кард, ки тарроҳи ин барномаи бузурги эҳёи миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Қадам ба қадам амалӣ гаштани ин барномаи эҳёи миллӣ давоми 35 соли истиқлолият Тоҷикистонро ба маркази ҳифзу эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ табдил дод. Дар ин қарина 1050–солагии бузургдошти Робиаи Балхӣ, ки рӯзгор ва осораш саҳифаи нодири таърихи адабу фарҳанги ниёконамон аст, барои имрӯзу фардои ҳастии маънавии олами форсизабонон муҳим арзёбӣ мегардад.
Робиаи Балхӣ на танҳо яке аз нахустин чеҳраҳои барҷастаи шеър, балки садои мондагори муҳаббат, озодӣ ва эҳсоси инсонӣ мебошад. Шеъри ӯ бо гузашти беш аз ҳазор сол ҳамоно тоза, зинда ва таъсиргузор боқӣ мондааст.
Иштирокдорони ҳамоиш баргузории ҷашни 1050-солагии Робиаи Балхиро фурсати муносиб барои муаррифии ҳарчи бештари шахсият ва осори ӯ дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, зарурати таҳқиқ, тарҷума ва нашри осори марбут ба ин чеҳраи бузурги адабиёти тоҷику форсро таъкид карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон










Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






