Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ба баланд бардоштани мақоми зан дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», рушди қобилияти касбӣ ва такмили ихтисоси занону духтарон мусоидат менамояд. Ин нукта дар ҳамоише, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар доираи татбиқи амалии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» баргузор шуд, баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш фаъолзанони корхона иштирок намуда, доир ба роҳҳои татбиқи ин санади муҳим дар самти фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаъолгардонии нақши онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъмини баробарии гендерӣ ва баробарҳуқуқии занону мардон, ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, инчунин фароҳам овардани имконияти васеъ барои омӯзишу такмили ихтисоси занону духтарон равона шудааст.
Иброз гардид, ки бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» қабул гардида, барои иҷрои саривақтии он тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.
Татбиқи ин стратегия ба баланд бардоштани мақоми зан дар корхона, рушди қобилияти касбӣ ва такмили ихтисоси онҳо, дастгирии мутахассисони ҷавон аз ҳисоби занону духтарон, ҷалби ҳарчи бештари занон ба соҳаи аэронавигатсия ва авиатсияи гражданӣ, инчунин таҳкими нақши онҳо дар пешрафти соҳа мусоидат мекунад.
АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






