Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. То моҳи августи соли 2026 кишоварзони Тоҷикистон 588 ҳазору 847 тонна гандум ҷамъоварӣ намудаанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 40-сентнерӣ буда, 57 комбайн дар майдонҳо ба дарав машғул аст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли 2026 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар 295 ҳазору 299 гектар ғалладонагӣ кишт карда шуд, ки аз он 195 ҳазору 338 гектараш гандум мебошад. То моҳи август 171 ҳазору 651 гектари он даравида шуд.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, гандум яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро тоҷикон бештар маҳсулоти нонӣ истеъмол мекунанд. Аз ин рӯ гандум маҳсулотест, ки онро метавон бештар захира намуд.
Зиёд гардидани ҳосили гандум аз кишти саривақтӣ ва истифодаи технологияи парвариши он вобаста мебошад. Барои рӯёнидани ҳосили баланди ғалладонагӣ истифода ва риоя кардани қоидаҳои кишоварзӣ (агротехникӣ) аҳамияти калон дорад.
Дони гандум серғизо ва серкаллория буда, захираи он то ду сол нигоҳ дошта мешавад. Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






