Дар Тоҷикистон ба як омӯзгор 18 хонанда рост меояд

Август 8, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 08.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як омӯзгор 18 хонанда рост меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як синф шумораи хонандагон набояд аз 25-30 нафар зиёд бошад.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 136 ҳазору 116 (89 ҳазору 950 зан – 66 фоиз) нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии омӯзгорон 106 ҳазору 509 нафар (67 ҳазору 679 зан) – 78,2 фоиз дорои таҳсилоти олӣ, 6 ҳазору 732 нафар (5 ҳазору 198 зан) – 5 фисад дорои таҳсилоти олии нопурра, 22 ҳазору 525 нафар (16 ҳазору 956 зан) – 16,5 фоиз дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд. Дар муқоиса бо соли 2025    5384 омӯзгор зиёд мебошад.

Дар соли таҳсили 2025-2026 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 4056 адад, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ 272 адад, муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ 308 ва муассисаи миёнаи умумӣ 3476 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025  19 муассиса зиёд мебошад. Инчунин дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои шакли нав 172 адад буда, 82 гимназия ва 90 литсей ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан нисбат ба соли 2025  3 муассиса зиёд мебошад.

Ба иттилои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, ба ҳисоби миёна барои як муассисаи таълимӣ аз теъдоди умумии муассисаҳои таълимӣ ва теъдоди умумии хонандагон 604 хонанда рост меояд. Инчунин муасссисаҳои ҳастанд, ки теъдоди хонадагонаш якчанд ҳазор мебошад.

Агар дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 миллиону 357 ҳазору 56 хонанда таҳсил мекард, пас, ин рақам дар соли таҳсили 2025-2026 ба 2 миллиону 462 ҳазору 7 хонанда баробар шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2024-2025 дар умум 104 ҳазору 951 хонанда зиёд аст.

Имсол дар мамлакат беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад. Аз 18 то 29 август дар мамлакат давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум гузаронида мешавад. Давраи мутобиқшавӣ дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба муҳити муассисаи таълимӣ одат кардани кӯдакон ва мусоидат ба мутобиқшавии онҳо ба таҳсил дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид