Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 августи соли 2026 кишоварзон 891 ҳазору 475 тонна сабзавот ҷамъоварӣ намудаанд, ки аз он 361 ҳазору 861 тоннаашро пиёз ташкил медиҳад.
Тибқи нақша, соли 2026 дар 15 ҳазору 635 гектар пиёз кишт карда мешавад, ки 9731 гектари онро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад.
Дар шароити Тоҷикистон пиёзро дар се давра: аввали баҳор, тирамоҳ ва зимистон кишт мекунанд.
Кишоварзони ботаҷриба тавсия медиҳанд, ки пиёзи дар фасли тобистон ҷамъоваришуда барои нигоҳдорӣ он қадар устувор нест. Пиёзе, ки дар моҳи сентябр ва аввали октябр ҷамъоварӣ карда мешавад, барои захира созгор аст. Зеро қабати пӯсти болоияш ғафс буда, нисбат ба пиёзи барвақтӣ сахттар мебошад.
Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки бехпиёзи пурра пухтарасида барои нигоҳдорӣ тавсия дода мешавад. Дуру дароз захира намудани пиёз дар анборхонаҳо ва сардхонаҳо аз риояи қоидаҳои агротехникии парвариши он, ҷамъоварии саривақтӣ ва чораҳои омодагӣ вобастагӣ дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






