Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 20 сентябри соли равон дар Сирки давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Дунёи сирк- пайвандгари қалбҳо» нахустин маротиба Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сирки давлатӣ хабар медиҳад.
Фестивал бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳунармандони 14 давлати дунё доир мегардад.
Ҳадафаи баргузории фестивал таблиғи санъати сирк, мусоидат ба мубодилаи таҷриба байни мутахассисон ва тақвияти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ мебошад.
Фестивал бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар он иштироки ҳунармандон ва рассомони боистеъдод аз саросари ҷаҳон ва пешниҳоди барномаҳои ҷолиби сиркӣ дар назар аст.
АКС: Сирки давлатии Тоҷикистон








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






