Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи август дар Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои дар ҳадди меъёр буда, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водигӣ то 31 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 24 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои моҳи августи имсола ба соли 2005 монанд мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар даҳаи дуюми моҳ паст шудани ҳарорати ҳаво ва боридани борон дар назар аст.
Моҳи август дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёр буда, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо то 31 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 24 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 12+17 ва рӯзона то 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона то 9+14 ва рӯзона то 20+25 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориши борон дар ҳадди меъёр дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёр буда, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо 25+27 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 15+19 дараҷа гармӣ дар назар аст. Миқдори моҳонаи бориши борон дар ҳадди меъёр буда, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд меборад.
Моҳи август дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 19+25 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ ҳаво шабона аз 14 +то 33 ва дар дар баъзе ноҳияҳо то 36 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёр мебошад. Ҳаво то 8+13 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ҳарорати ҳаво рӯзона то 17+22 дараҷа гарм дар назар аст. Дар охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона аз 0 то 5 дараҷа хунук ва рӯзона то 10+15 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд






