Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт

Август 17, 2026 10:24

ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 1625 футболбози наврас дар мусобиқаҳое, ки аз ҷониби МегаФон Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил карда шуданд, иштирок намуд. Дар 25-солагии таъсиси ширкат бозиҳои мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияи Шаҳринав баргузор шуданд.

«МегаФон Life дар сабки футбол» соли дуюм аст, ки пайи ҳам писарҳоро аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ муттаҳид намуда, ба яке аз бузургтарин мусобиқаҳои кӯдакона дар Тоҷикистон табдил меёбад. Дар мавсими соли 2026 88 бозӣ баргузор шуда, барои унвонҳои чемпионӣ 65 даста мубориза бурд. Меҳмонони фахрии бозиҳои даври ниҳоӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсату шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҷамъиятҳои футбол буданд. Дар чунин фазо барои писарбачаҳо нишон додани маҳорату истеъдоди варзишӣ ва кӯшишу талош барои пирӯзӣ хеле муҳим буд.

«Мо мебинем, ки ин мусобиқа то чӣ андоза таваҷҷуҳи кӯдакон, волидайн ва мураббиёнро дар саросари мамлакат ҷалб месозад. Ва ин тааҷҷубовар нест: «МегаФон Life дар сабки футбол» — фазои хосест, ки дар он кӯдакон кори дастҷамъона ва интизомро азхуд карда, иродаашонро мустаҳкаму қавӣ мегардонанд. Дар 25-солагии таъсиси ширкат мо хушҳолем, ки ба иштирокчиёни нав орзуи футболи бузург ва ҳосил кардани бовариро ба неруи худ ҳадя менамоем. Зеро шахси қавиирода ҳатман қаҳрамон мегардад!»,–мегӯяд Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон».

«Барои кӯдак иштирок дар мусобиқаи бузурги ҳақиқӣ ва эҳсоси дастгирии мухлисон хеле муҳим аст. Чунин лоиҳаҳо кӯдаконро барои ҷиддӣ машғул шудан ба варзиш ва талош варзидан барои ноилшавӣ ба натиҷаҳои баланд илҳом мебахшанд. Фарогирии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ яке аз муҳимтарин бартариҳои ин мусобиқаҳо ба ҳисоб меравад», — иброз дошт директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев.

Мусобиқа барои футболбозони наврас воқеан сарчашмаи илҳом ва умед ба оянда гардид. «Ба ман бозӣ кардан хеле писанд омад. Дар ин ҷо дастаҳои пурқувват ва тамошобинони зиёд ҷамъ омада, фазои ҳақиқии футбол ҳукмфармо буд. Акнун мехоҳам боз ҳам бештар тамрин намоям, то рӯзе дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунам!»,–гуфт Шоҳрух, иштирокчӣ аз шаҳри Хуҷанд.

Шарики лоиҳа Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Яхмоси 33» буд. Ширкат соли дуюм аст, ки пайи ҳам мусобиқаро дастгирӣ намуда, ба таври анъанавӣ барои иштирокчиёни бозиҳои даври ниҳоӣ туҳфаҳои ширин – яхмос омода мекунад.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Август 17, 2026 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд