Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд

Август 17, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, соли равон кишоварзони Тоҷикистон беш аз 393 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Соли 2025 нақшаи ҷамъоварии пахта 390 ҳазор тонна пешбинӣ гардида буд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзию саноат ба ҳисоб меравад. Он дар мамлакат яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад, зеро тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат 17 январи соли 2025 пахтакориро яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойи фаровони кор барои мардум маънидод карда, оид ба ривоҷ додани ин бахши муҳим ба масъулон супоришҳои қатъӣ доданд.

Тибқи таҳлили иқтисодчиён, аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 350-400 метри мураббаъ матоъ ва тақрибан 270 кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбад, аз 34 то 40 фоиз баромади нах дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медод.

Пахтакорӣ на танҳо соҳаи саноати мамлакатро бо ашёи хом таъмин менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр низ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ пахтакорони мамлакат талош доранд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.

АКС аз бойгонӣ

Август 17, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд