Дар Тоҷикистон нақшаи кишти такрорӣ 96 фоиз иҷро гардид

Август 4, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 августи соли 2026 дар 183 ҳазору 772 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 96 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар 112 ҳазору 552 гектар зироати ғалладонагӣ, дар 7 ҳазору 243 гектар зироати полезӣ, дар 3257 гектар зироати техникӣ, дар 32 ҳазору 780 гектар зироати хӯроки чорво, дар 18 ҳазору 003 гектар сабзавот ва дар 315 гектар картошка кишт гардидааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ ва гирифтани ду ё се ҳосил аз як замин соли 2026 дар 191 000 гектар  замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ гузаронидани кишти такрорӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар Тоҷикистон кишти такрорӣ асосан аз моҳи июн то моҳи август гузаронида мешавад. Он баъди ҷамъоварии ҳосили зироати барвақтӣ анҷом ёфта, имконият медиҳад, ки аз як қитъаи замин дар як сол ду ё се ҳосил гирифта шавад. Ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад.

Тавре омӯзгори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Раҷабалӣ Шарифов иброз намуд, рӯёнидани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ ва гирифтани ду ё се ҳосил дар кишти такрорӣ аз муҳлати кишт, истифодаи навъҳои тезпаз ва риояи агротехникаи парвариш вобастагӣ дорад.

Тибқи таҳилҳои олимони соҳаи кишоварзӣ, давомнокии рӯзҳои офтобӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосили тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 100-110 рӯз, вилояти Хатлон 140-150 рӯз ва Ҳисор 120-130 рӯз мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзон барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат аз ин рӯзҳои офтобӣ бояд самаранок истифода намоянд. Инчунин тамоми тадбирҳои заруриро барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ самаранок истифода намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»