Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. Нахустин маротиба дар Тоҷикистон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд. Иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як моҳ 15 тоннаро ташкил дода, ашёи хом пурра аз дохили кишвар дастрас мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Пештар қисми зиёди ин гуна маҳсулот ва ашёи хом аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд. Минбаъд истеҳсоли он дар дохили кишвар имкон медиҳад, ки талаботи соҳаи роҳсозӣ ба маҳсулоти ватанӣ таъмин гардида, вобастагӣ аз воридот коҳиш ёбад.
Бояд гуфт, истифодаи рангҳои босифат барои аломатгузории уфуқии роҳҳо ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат мусоидат мекунад. Хатҳои равшан ва ба таъсири омилҳои муҳити зист тобовар ба ронандагон ва дигар иштирокдорони ҳаракат, махсусан шабона ва дар шароити номусоиди обу ҳаво, барои дуруст муайян намудани самти ҳаракат кумак мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки ба фаъолияти коргоҳи мазкур 26 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Левакант оғоз бахшиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






