Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад

Август 7, 2026 10:47

ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи низоми e-Phyto дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Маҳмуд Ширинҷонзода гуфт, ки татбиқи низоми e-Phyto яке аз қадамҳои муҳим дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатии фитосанитарӣ мебошад. Он ба содагардонии расмиёти савдо, баланд бардоштани шаффофият, коҳиш додани истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ, суръат бахшидани мубодилаи байналмилалии шаҳодатномаҳои фитосанитарӣ ва мутобиқ намудани низоми миллии фитосанитарӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои марбут ба марҳилаҳои татбиқи низоми e-Phyto дар Тоҷикистон, тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор, омодасозии заминаҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ, инчунин ҳамкориро бо шарикони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба қадамҳои минбаъдаи татбиқи низом мубодилаи афкор анҷом доданд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2026 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем