Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд

Август 26, 2026 16:03

ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 август Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд, ки то 27 август идома меёбанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ байни соҳаҳои тандурустии ду мамлакат, мубодилаи таҷриба ва дониш, инчунин амалӣ намудани инноватсияҳо ва технологияҳои муосири тиббӣ доир мешаванд.

Дар доираи Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон вохӯриҳо, дарсҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба байни табибони ду давлат дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ баргузор мешаванд.

Мутахассисони Ҷумҳурии Қазоқистон бо Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш», Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ», Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ва Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос шуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 26, 2026 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд