Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ«Ховар»/. Намояндагони мақомоти гумруки давлатҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд дар вохӯрии ёздаҳуми солонаи байниминтақавии сатҳи баланд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ (Passenger and Cargo Control Programme – PCCP) иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамоиш аз ҷониби Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон ва бо иштироки Созмони ҷаҳонии гумрук (WCO) баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода иштирок намуд.
Дар вохӯрӣ натиҷаҳои татбиқи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ ҷамъбаст ва самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд. Иштирокдорон масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи барнома, муайян намудани афзалияти стратегӣ ва тавсияҳо дар самти сиёсати гумрукӣ, инчунин тадбирҳои амалӣ оид ба рушди ҳамкорӣ тавассути марказҳои миллии ҳадафгузорӣ, такмили мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии амалиёти муштаракро муҳокима намуданд.
Дар ҷаласаи алоҳида, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии гумрук баргузор гардид, нақши ин ниҳод дар таҳкими ҳамкории шарикони Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ бо ҷомеаи ҷаҳонии гумрукӣ баррасӣ шуд. Ҳамчунин имконияти истифодаи васеи абзорҳо ва платформаҳои Созмони ҷаҳонии гумрук барои мубодилаи маълумоти таҳлилӣ, ҳамоҳангсозии амалиёт, баланд бардоштани иқтидор ва иштирок дар амалиёти байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ муҳокима гардид.
Барномаи вохӯрӣ бо боздид аз Кумитаи гумруки Узбекистон анҷом ёфт. Иштирокчиён бо фаъолияти Озмоишгоҳи марказии гумрук, Маркази коркарди гумрукӣ ва Маркази миллии ҳадафгузорӣ шинос шуданд. Гуфта шуд, ки ин таҷриба талошҳои пайгиронаи Узбекистонро дар самти навсозии равандҳои гумрукӣ ва таҳкими иқтидори идоракунии хавфҳо инъикос менамояд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид






