Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оғози татбиқи лоиҳаи «Тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) амалӣ шуда, ҳадафи он тақвияти равандҳои рақамикунонӣ, аз ҷумла рақамикунонии бизнес-равандҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода иброз дошт, ки татбиқи ин лоиҳа метавонад барои такмили идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии равандҳои корӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо заминаи мусоид фароҳам оварад.
Директори Дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) Канг Сонг Ҳун омодагии ин ниҳодро барои дастгирии раванди рақамикунонии бизнес-равандҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо иброз намуд.
Таъкид шуд, ки оғози расмии татбиқи лоиҳа, ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар самти таҳкими ҳамкории дуҷониба ва ноил шудан ба ҳадафҳои муштараки пешбинишуда қадами муҳим мебошад
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






