Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1991 то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон сохтмон ва таҷдиди зиёда аз 450 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ анҷом дода шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ин замина таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе – Бохтар, Бохтар – Данғара, Кӯлоб – Муъминобод, Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин ва Кӯлоб – Зиғар анҷом дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мепайванданд. Ҳамчунин сохтмони шоҳроҳҳои Данғара – Гулистон ва Гулистон – Фархор идома дошта, онҳо дар оянда ба беҳтар гардидани робитаҳои нақлиётӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар бахши энергетика якчанд иншооти муҳими стратегӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб, неругоҳҳои барқи обии «Сангтуда-1» ва «Сангтуда-2», инчунин нақби «Шар-Шар», таҷдиди агрегатҳои неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Сарбанд».
Дар ин давра муассисаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла Литсейи президентӣ барои ятимон дар ноҳияи Кӯшониён, гимназия-интернат дар ноҳияи Данғара, гимназияи давлатӣ дар шаҳри Норак, Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилояти Хатлон ва Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар сохта, ба истифода дода шуданд. Ин иншоот барои беҳтар шудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ва рушди маънавиёти ҷомеа замина гузоштанд.
АКС аз бойгонӣ








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид






